Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон


Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ (WFP) мегӯяд, қимати хариду фӯруши маводи ғизоӣ дар моҳи гузашта дар Тоҷикистон аз соли 2002 то кунун, аз замони мушоҳидаҳои қиматҳо аз тарафи созмон дар баландтарин сатҳи худ қарор доштааст. Дар ин миён танҳо қимати гандум 5 дар сад коҳиш ёфтааст ва вуҷуди кофии гандум дар бозорҳои кишвар будааст. Аз моҳи июли соли 2010 то кунун қимати орд дар Тоҷикистон 74 дар сад афзудааст. Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки қимати маводи ғизоӣ дар ду моҳи оянда дар Тоҷикистон афзоиш пайдо мекунад, зеро дар мавсими кишти тирамоҳӣ тақозо ба маводи сӯхт ва ғизо бештар мешавад ва нархҳо ҳам боло мераванд.
XS
SM
MD
LG