Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёшиҳико Нода сарвазири ҷадиди Ҷопон шуд


Ёшиҳико Нода
Ёшиҳико Нода
Парлумони Ҷопон вазири собиқи молия Ёшиҳико Нодаро сарвазири ҷадид интихоб кард. Дар 5 соли охир Нода сарвазири шашуми севвумин иқтисоди бузурги дунё шуд. Имрӯз аз номзадии ӯ ҳарду маҷлиси парлумон пуштибонӣ карданд. Такаҳиро Ёкомишӣ, раиси маҷлиси поёнии парлумон гуфт: “Бар асоси иродаи мардум ва тибқи банди 18-уми қонуни Маҷлиси намояндагон Ёшиҳико Нода акнун сарвазири Ҷопон шуд.”
Ёшиҳико Нода имрӯз дар мақоми раисии кобина расман Наото Канро иваз кард, ки дар ин симат ҳамагӣ 15 моҳ дошт дод. Рафъи авоқиби тсунамӣ, буҳрони ҳастаӣ, рушди кунди иқтисод ва уфтухези қурби йен аз масоили умдаест, ки дар назди кобинаи Нодаи муҳофизакор хоҳад истод.
XS
SM
MD
LG