Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад озодии матбуотро кафолат дод


Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дар бораи фаъолияти расонаҳои хабарӣ амре содир кард, ки дар он озодии баён ва ҳимояти хабарнигорон аз таъқибу таҳдид кафолат дода шудааст.

Ҳамзамон дар ин амр нашри матолибе манъ карда шудааст, ки “ба иттиҳод ва амнияти миллӣ таҳдид мекунанд”.

Аз ин пеш Башор Асад, дар вокуниш ба намоишҳои густурдаи эътирозӣ, дар бораи лағви вазъи изтирорӣ дар Сурия ва иҷозаи бисёрҳизбӣ амрҳоро имзо карда буд. Ва аммо мухолифин инро нокофӣ мехонанд ва истеъфои раисиҷумҳурро талаб доранд.

Дар ҳамин ҳол саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ идома дорад. Рӯзи якшанбе бар асари амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Хон Шайхун, воқеъ дар шимоли Сурия, дасти кам ду кас кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG