Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад "зиндонии сиёсӣ"-ро дар Эрон раҳо мекунанд


Бино ба гузоришҳо, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон дастур додааст, то 100 зиндониро, ки бо гуноҳҳои таҳдид ба амният, маҳкум шудаанд, аз зиндон раҳо кунанд. Бино ба гузориши Радиои Фардо, дар миёни ин афрод, онҳое ҳам ҳастанд, ки дар ҷараёни тазоҳуротҳои пас аз интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 боздошт шуданд. Аббоси Ҷаъфарӣ, додситони кулли Теҳрон гуфтааст, ин афрод баъди ибрози надомату пушаймонӣ аз гуноҳҳои худ, афв шуданд. Авфи 100 нафар зиндонии сиёсӣ дар остонаи Иди Рамазон сурат мегирад ва дар ҳоле, ки сиёсатмадорони эронӣ барои интихоботи ояндаи порлумонӣ дар моҳи март омода мешаванд.
XS
SM
MD
LG