Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“ТоҷикЭйр” 4 ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100 мехарад


Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” аз ширкати ҳавопаймосозии Сухойи Русия чаҳор ҳавопаймоии Sukhoi Superjet-100-ро харидорӣ мекунад.

Дар ин бора раиси ширкати “ТоҷикЭйр” Музаффар Исҳоқов ва раиси ширкати ҳавопаймосозии Сухой Владимир Присяжнюк дар чаҳорчӯби намоишгоҳи байнулмилалии МАКС-2011 дар шаҳри Маскав ба созиши муқаддамотӣ расиданд.

Хабаргузории Азия-Плюс бо такя ба дафтари матбуоти “ТоҷикЭйр” навиштааст, ки ҳавопаймоҳо дар шароити лизинги молиявӣ харидорӣ мешаванд. Қарор аст, ки ду ҳавопаймои аввал то поёни соли 2013 мавриди истифодаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон қарор бигиранд.

Дар бораи он ки “ТоҷикЭйр” ҳавопаймоҳоро бо кадом қимат харидорӣ хоҳад кард, иттилоъ дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG