Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

86 ноболиғ ҳам раҳо шуданд


Субҳи рӯзи чоршанбе, 24-уми август, аз муасиссаи ислоҳии наврасон, ки дар он ҷо 90 ноболиғ адои ҷазо мекарданд, 86 нафарашон озод шуданд. Мӯҳлати ҷазои чаҳор тани дигар аз ин ноболиғон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин муҷрим шинохта шудаанд, поин оварда шудааст. Ноболиғони афвшуда бо ҷиноятҳое аз қабили қочоқи маводи мухаддир, дуздиву роҳзанӣ ҳукми зиндон гирифта буданд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш аз зиндони занонаи шаҳри Норак 112 зан бо шумули 12 шаҳрванди хориҷӣ ҳам хатти озодиро дарёфт карданд. Дар миёни ин занони озодшуда Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик, низ буд, ки дар моҳи феврали соли 2010 барои ҳамдастӣ дар ҷиноят маҳкум ба зиндон шуда буд. Раҳоии як гурӯҳи зиндониён дар пайи ба иҷро даромадани Қонуни афв сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи вакилони порлумон тасвиб шуда ва дар он раисиҷумҳур имзо гузошт. Ин афв ба 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, эълон шуда ва қарор аст, ба 4 ҳазор зиндонӣ озодӣ бубахшад.
XS
SM
MD
LG