Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон имрӯз бетағир боқӣ мемонад


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳаво гарм ва бебориш боқӣ хоҳад монд.

Гармтарин ҳаво чун рӯзи гузашта дар водии Вахш пешбинӣ шудааст. Ҳарорати рӯзона ба 36-40 дараҷаи болои сифр мерасад.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳаво мисли як рӯзи пеш 32-36 дараҷа гарм мешавад.

Вале дар Кӯлоб имрӯз ҳаво нисбат ба дирӯз гармтар мешавад ва ҳарорат ба 33-38 дараҷа мерасад.

Дар Бадахшон дар шарқи вилоят 14-19 ва дар Хоруғ аз 21 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG