Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи волии Парвон


Волии Парвон Абдул Басири Солангӣ
Волии Парвон Абдул Басири Солангӣ
Субҳи имрӯз дасти кам шаш маргталаб ва чанд фарди мусаллаҳ ба қароргоҳи волии вилояти Парвони Афғонистон ҳамла карданд.

Хабаргузории Рейтер бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон навиштааст, ки дар шаҳр ду таркиши мудҳиш ба амал омад ва ба думболи он тирпарронӣ сурат гирифт.

Волии Парвон Абдул Басири Солангӣ хабар дод, ки афроди мусаллаҳ ҳанӯз ҳам дар ҳудуди қароргоҳанд. Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар қароргоҳи волӣ нишасти ҳукумати маҳаллӣ идома дошт.

Дар бораи талафот дар ин ҳодиса иттилоъе зери даст нест. Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG