Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар ҳамлаи артиши Сурия


Фаъолони ҳуқуқи инсони Сурия мегӯянд, ҳамлаи артиши Сурия ба шаҳри Ҳумс ва вилояти Идлиб дар марзи Туркия бо истифода аз тонку зиреҳпӯшҳо идома дорад. Дар Ҳумс ба камияш 11 нафар кушта ва 16 тан захмӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки эътирози байнулмилалӣ аз амалкарди ҳукумати раисиҷумҳур Башор Асад рӯ ба афзоиш аст ва дар гуфтугӯи телефонӣ президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ва сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтаанд, Сурия ба як “гузори демократӣ” эҳтиёҷ дорад. Бино ба иттилое, ки дар Шӯрои амнияти Созмони Милал нашр шудааст, дар нооромиҳои Сурия аз моҳи март ба ин сӯ наздик ба 2000 кушта ва қариб 13000 нафар аз тарафи нерӯҳои давлат боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG