Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти фуруди изтирории ҳавопаймои НАТО дар Пактиё


Мақомоти НАТО гуфтанд, як ҳавопаймои ин созмон дар ҷануби Афғонистон фуруди изтирорӣ анҷом додааст. Дар баёнияи НАТО омадааст, ҳодиса дар вилояти Пактиё ба вуқӯъ пайваст ва иллатҳои он таҳқиқ мешавад. Толибон масъулияти суқути ин ҳавопайморо бар дӯш гирифтанд, аммо сухангӯи НАТО гуфт, эътилоф ҳанӯз омилҳои аслии ҳодисаро огаҳ нест: “Мо ҳанӯз доир ба иллатҳои ҳодиса иттилоъ надорем. Ба ин суоли муҳим бояд пажӯҳиш ҷавоб гӯяд. Бо такмил шудани пажӯҳиш, ҷузъиёти онро эълом мекунем.“ Айни замон сабабҳои суқути чархболи НАТО дар вилояти Майдон Вардак пажӯҳиш мешавад, ки бар асари он 38 нафар, ба шумули 30 сарбози амрикоӣ, ҳафт афғон ва як тарҷумони онҳо кушта шуданд. Ва дигар ин ки дар тӯли ду рӯзи гузашта дар ҷангҳо дар Афғонистон дасти кам ҳафт сарбози Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон кушта шудаанд ва чаҳор нафари онҳо сарбозони фаронсавӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG