Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз кашфи як майдони бузурги газ хабар дод


Вазорати нафти Эрон эълом кард, ки дар ин кишвар як майдони нави бузурги газ кашф шудааст. Ба гуфтаи вазорат, майдони мазкур ҳудуди 495 миллиард метри мукааб газ ва 658 миллион метри мукааб гази моеъ дорад. Ширкати миллии нафти Эрон мегӯяд, майдони мазкур дар Халиҷи Форс дар 15 километрии шаҳри ҷанубӣ ва бандарии Ассалуя воқеъ шудааст.
XS
SM
MD
LG