Табибони тоҷик мегӯянд, моҳи оянда бори нахуст дар таърихи кишвар ҷарроҳии пайванди ҷигарро анҷом хоҳанд дод. Файзалӣ Мавлонов, ҷарроҳи Маркази пайванди аъзои Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, шароит барои анҷоми чунин ҷарроҳӣ фароҳам аст ва ҷигари онҳое иваз карда мешавад, ки ба варами ҷигар ва ё зардпарвини Д мубтало ҳастанд. Ҷарроҳони тоҷик то кунун 14 амали пайванди гурда анҷом додаанд вале баъзе аз онҳо бинобар риоят накардани меъёрҳои нигоҳубини пас аз беморӣ даргузаштаанд.