Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали гӯштигирони ҷавони тоҷик дар Таиланд


Баҳодур Қодиров, гӯштигири ҷавони тоҷик, барандаи медали нуқраи нахустин бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар соли 2010
Баҳодур Қодиров, гӯштигири ҷавони тоҷик, барандаи медали нуқраи нахустин бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар соли 2010

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштии озод миёни наврасон дар Таиланд чаҳор медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдулло, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, ки дар мусобиқаи қитъавӣ Тоҷикистонро чаҳор гӯштигири ҷавон намояндагӣ карда ва соҳиби як медали тило, як нуқра ва ду нишони биринҷӣ гардиданд.

Баҳодур Қодиров аз Душанбе дар рақобатҳо дар вазни то 69 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тило сарфароз гашт. Фахриддин Салимзода, ки низ аз Душанбе аст, дар вазни то 100 кило ҷои дуввумро касб карда ва соҳиби медали нуқра гардидааст.

Ду паҳлавони дигари тоҷик – Мирхолиқ Бобоев (вилояти Суғд) дар вазни то 58 кило ва Фирӯз Ёқубов (Душанбе) дар вазни то 85 кило ҷойҳои севвумро аз они худ карда ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштаанд.
XS
SM
MD
LG