Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 хонаводаи қирғиз ба дохили хоки худ кӯч мебанданд


Мақомоти Қирғизистон дар ҷануби ин кишвар барои шаҳрвандони худ, ки мехоҳанд аз минтақае дар иҳотаи қаламрави Узбакистон кӯч банданд, 18 ҳектор замин ҷудо кардааст. Ҳоло минтақаи зисти онҳо дар иҳотаи қаламрави Узбакистон қарор дорад. Сабаби чунин тасмим ин будааст, ки тақрибан 150 хонаводаи қирғиз, ки беш аз 1 000 нафарро ташкил медиҳад, дар рафту омади худ ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Онҳо дар маҳале бо номи Барак зиндагӣ мекунанд. Барак 1,5 километр дур аз марзи миёни Қирғизистону Узбакистон қарор дорад. Акнун онҳо ба дохили қаламрави Қирғизистон кӯч мебанданд ва дар ин 18 ҳектор замин барои худ манзил бунёд мекунанд.
XS
SM
MD
LG