Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ША СММ режими Асадро барои саркӯбии аҳолӣ маҳкум кард


ША СММ дар Нию Йорк
ША СММ дар Нию Йорк
Шӯрои Амнияти СММ саркӯбиҳои хунини тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ аз тарафи режими Башор Асадро дар Сурия маҳкум кард. Шӯрои Амният режими Башор Асадро муттаҳам кард, ки даст ба нақзи густардаи ҳуқуқи башар задааст. Дар эъломияе, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Шӯрои Амният ба тасвиб расид, чунин гуфта мешавад: “Мақомоти Сурия даст ба нақзи густардаи ҳуқуқи башар задаанд ва бар зидди аҳолӣ аз ниру истифода мекунанд”. Дар эъломия даъват шудааст, ки афроди масъул ба ин кор бояд “ба масъулият” кашонда шаванд.
XS
SM
MD
LG