Донишманди мазҳабии Эрон Аҳмад Қобил ба адои 20 моҳ ҳукми зиндонаш бо ҷурми таблиғи зидди низом ва тавҳин ба раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ пардохтааст. Ҳамсари ӯ Марзия Посдор ба Радиои Фардо гуфт, ки Аҳмад Қобилро рӯзи 31 июл дар пайи эҳзор ба додситонӣ ба зиндони Вакилобод дар шаҳри Машҳад бурдаанд. Қобил ҳанӯз моҳи декабр ба 20 моҳи зиндон ва 3 моҳи маҳрумият аз ҳар навъ мусоҳиба бо матбуот ва гуфтани мавъиза маҳкум шуда буд.
Ӯ бори аввал соли 2001 дар пайи нашри як номаи саркушодаи интиқодомез ба оятуллоҳ Алии Хоманаӣ зиндонӣ шуда буд.
Ӯ бори аввал соли 2001 дар пайи нашри як номаи саркушодаи интиқодомез ба оятуллоҳ Алии Хоманаӣ зиндонӣ шуда буд.