Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асадулло Ғуломов даргузашт


Асадулло Ғуломов
Асадулло Ғуломов
Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов имрӯз дар роҳи парвоз ба маҳалли сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда дар синни 57 аз олам гузашт. Қарор аст, маросими дафни ҷанозаи Асадуллоҳ Ғуломов фардо дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара барпо шавад. Ғуломов дар кобинаи Раҳмон масъули бахши нақлиёту саноат ва энержӣ буд. Асадулло Ғуломов соли 1954 дар Данғара ба дунё омада, соли 1976 донишкадаи политехникии Душанберо бо ихтисоси «муҳандиси сохтмон» хатм кард. Аз соли 1995 муовини раиси ширкати давлатии «Тоҷиксохтмон» ва аз соли 2000 раиси ноҳияи Фрунзе (Синои кунунӣ)-и пойтахт буд. Аз соли 2003 муовини сарвазир ва аз соли 2006 муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG