Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак рӯзи 3 август ба додгоҳ меравад


Ҳуснӣ Муборак
Ҳуснӣ Муборак
Хабаргузории мисрии МИНО мегӯяд, додгоҳи раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак ва ёрони ӯ бо иттиҳоми даст доштан дар куштори эътирозгарон рӯзи 3 август дар Қоҳира оғоз хоҳад шуд. Як мақоми вазорати адлияи Миср бидуни бурдани ном ба МИНО гуфтааст, муҳокимаи Муборак, ду писари ӯ –Ало ва Ҷамол, вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адлӣ ва бақия дар мақари як намоишгоҳи пойтахт хоҳад гузашт. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё вазъи саломати Муборак монеъи ҳузури ӯ дар мурофиа нахоҳад шуд? Ӯ феълан дар Шармулшайх таҳти табобат қарор дорад ва қаблан бархе манобеъ мегуфтанд, ки додгоҳи Муборак шояд дар ҳамон ҷо доир шавад.
XS
SM
MD
LG