Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як устоди донишкада бо ҷурми ришва


Як устоди Донишкадаи политехникии Хуҷанд бо иттиҳоми ришвагирӣ дастгир шудааст. Мақомоти Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ба «Азия Плюс» гуфтаанд, ин нафар аз як довталабе, ки мехост ба бахши будҷавии ин донишкада шомил шавад, 2300 доллар талаб кардааст, вале ҳангоми гирифтани ин пул ба даст афтод. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз кардаанд.
Моҳи июл, ки мавсими дохилшавӣ ба донишгоҳҳост, мавориди пораситонӣ дар ивази ваъдаи курсии донишҷӯӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон низ меафзояд.
XS
SM
MD
LG