Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги сохторҳои олуда ба фасод аз қавли Оҷонсии зидди фасоди молиявии Тоҷикистон


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки аз рӯи шумори ҷиноятҳои марбут ба ришвату фасод ва тақаллубкорӣ риштаи беҳдошт дар ҷои аввал қарор дорад. Дар изҳороти Саидов таъкид мешавад, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 35 ҷинояти марбут ба ришвахорӣ дар кори сохторҳои тибии кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷиноятҳо, ба қавли Фаттоҳ Саидов, марбут ба ҳодисаҳои хариду фурӯши маводи дорувор аст, ки бо роҳи кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Дар рейтинги, ба истилоҳ, фасодзадатарин кормандони сохторҳои давлатӣ баъди вазорати беҳдошт - вазорати маориф, вазорати энерживу саноат ва баъд вазорати кишоварзӣ қарор гирифтаанд. Дар миёни кормандони сохторҳои интизомӣ мақоми аввалро дар феҳрасти олудаҳо ба фасод вазорати умури дохила касб карда, баъдан вазорати адлия ва вазорати дифоъ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG