Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Юнон аз бастаи дувуми кӯмаки молӣ


Вазири молияи Юнон мегӯяд, тасмими кишварҳои Аврупо дар мавриди бахши дувуми кӯмак ба Афин як “сабукии бузурге”-ст барои иқтисоди бӯҳронзадаи ин кишвар. Евангелос Венизелос гуфт, “бонкҳои Юнон акнун кафолат ва тазмин доранд.” Вай инчунин ваъда кард, ки кишвараш татбиқи тарҳи сарфаҷӯии молиявиро пеш хоҳад ронд. Сарони минтақаи евро дар нишасти Брюссел ҷиҳати ироаи бастаи дуввуми кумакҳо ба Юнон тавофуқ карданд. Ин кумак тақрибан 159 миллиард еврост, ки қисме аз онҳро бонкҳову сармоядорони хусусӣ хоҳанд дод. Сарвазири Олмон, Ангела Меркел, бо назардошти ин тарҳ ҳанӯз қабл аз тасмими ниҳоӣ гуфт:

“Ман ҳамеша гуфтаам, гап яз ягон ҳалномаи бошукӯҳ нест, балки аз бозгардони эътидол ва раванди муназзами рақобатпазирии Юнон аст.”

Зимни тасмими сарони Аврупо саҳҳом дар бозорҳои бурси Аврупо ва Осиё дар ҳоли рушд буда, қурби евро аз доллар болотар меравад. Хушбинӣ ҳамчунин ба афзоиши нархи нафт сабаб гаштааст.
XS
SM
MD
LG