Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ребрендинги МЛТ ба "Мегафон-Тоҷикистон"


Бренди МЛТ, аз қадимтарин брендҳои бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон аз ин ба баъд ба “Мегафон-Тоҷикистон” табдили ном мекунад. Дар ин бора ширкати русии “Мегафон”, молики 75 дарсади саҳмияҳои “ТТМобайл”, ва “Тоҷиктелеком” – молики 25 дарсади боқии саҳмияҳои ин ширкат, қарор кардаанд.
МЛТ аз нахустин ширкатҳоест, ки ба таъсиси бозори телефонҳои мобил дар Тоҷикистон роҳ кушод, вале баъдан пешсафиро дар ин бозор ба ширкатҳои дигаре, чун “Вавилон” ва Тcell бохт. “Мегафон” акнун қасд дорад, шумори корбаронашро таҳти бренди ҷадид дастикам то 2 маротиба биафзояд. Феълан дар Тоҷикистон 7 ширкати мобил фаъолият мекунанд ва шумори корбарони телефонҳои ҳамроҳ дар кишвар зери 6 миллион гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG