Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ бо ошӯбгарони Либия музокирот мекунад


Фаронса имкони дар Либия боқӣ мондани Муаммар Қаззофӣ дар сурати аз сиёсат канор рафтанашро байид намедонанд. Ален Жуппе, вазири умури хориҷии Фаронса, инро чун яке аз сенарияҳои таҳаввулоти Либия арзёбӣ намуд.

Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ имрӯз вазъ дар Либияро бо ду раҳбари Шӯрои миллии интиқолии таъсискардаи ошӯбгарон баррасӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта беш аз 30 кишвар, аз ҷумла, ИМА, Шӯрои миллиро эътироф карда эълом доштанд, ки Қаззофӣ машрӯъияти худро аз даст додааст. Русия аз ин тасмим интиқод кард, зеро аз нигоҳи Маскав, ошӯбгарон яке аз тарафҳои низоъ мебошанд.

Қарор аст, ки имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав вазири умури хориҷии Либия Абдулъотӣ Ал-Убайдиро ба ҳузур пазирад.
XS
SM
MD
LG