Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва мусодираи миқдори зиёди ҳероин


Полиси Русияву Ӯзбакистон аз қочоқи 18 кг маводи мухаддир, ки тавассути роҳи оҳан аз Тоҷикистон вориди хоки Ӯзбакистон шуда буд, ҷилавгирӣ карданд. Ин миқдор маводи нашъа, ки дар бозори сиёҳ қиматаш ба 7 миллион доллар баробар мешавад, дар ду қатори аз ҳам ҷудо пинҳон карда шуда буд. Рӯзи сешанбе инчунин полиси шаҳри Самараи Русия хабар дод, ки дар дохили мошине, ки аз шоҳроҳ убур мекард, дар дохили ҷомадоне 14 кг ҳероин ошкор шуд. Соҳиби ин ҷомадон шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳероини пайдошуда сохтаи Афғонистон гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG