Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боку Арманистонро ба қатли кӯдаки 13-сола айбдор кард


Озарбойҷон ҳамсояаш Арманистонро дар марги духтарчаи 13-сола, ки аз таркиши бозичае ба ҳалокат расидааст, муттаҳам кард. Духтарча арӯсакеро дар рӯдхонае пайдо кард, ки аз Арманистон меояд ва ин бозича дар дастони духтарча мунфҷир шуд. Намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Ҳасанов, гуфт, “таркиш нишон медиҳад, ки Арманистон ба иғвогариҳои худ идома медиҳад ва аҳолии осоиштаро ҳадаф қарор медиҳад.” Арманистон ин иттиҳомро рад кард. Ду кишвар барои минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳӣ аз солҳои 1990 ба ин сӯ дар вазъи хасмона ба ҳам қарор доранд. Аввалин имсол Озарбойҷон Арманистонро дар қатли як писарбачаи 9-сола дар минтақаи ҳаммарз бо Қарабоғи Кӯҳӣ масъул донист.
XS
SM
MD
LG