Ба дунболи эълони президенти Амрико, Барак Обама, як идда аз кишварҳои узви паймони НАТО ҳам барномаҳои ихроҷи нерӯҳо аз Афғонистон ва ё коҳиши шумораи сарбозонашонро дар ин ҷо эълон карданд. Ин таҳаввулот бисёриҳоро аз ояндаи амнияти Осиёи Марказӣ нигарон кардааст.
Сет Кропсӣ, собиқ ёвари вазири мудофиаи ИМА, ки ҳоло дар пажӯҳишгоҳи Ҳадсони Вашингтон ифои вазифа мекунад, бо ишора ба нигарониҳо пиромуни амнияти Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Ҳамсоякишварҳои Афғонистон шояд бо мушкил мувоҷеҳ шаванд, зеро воқеан нерӯҳои артиши Афғонистон тамрин гирифтаву кишвари худро аз Толибон муҳофизат хоҳанд кард, вале Толибон метавонанд, ба ҷойҳои дигар раванд.”
22-уми июни соли равон президенти ИМА, Барак Обама, барномаи беруншавии тадриҷии сарбозони Амрико аз Афғонистонро эълон кард. Баъд аз он дигар аъзои паймони НАТО, ба монанди Британия, Фаронса ва Олмон барномаҳои шабеҳи ихроҷи сарбозонашон аз Афғонистонро муаррифӣ намуданд. Канада бошад, аллакай иштироки нерӯҳояш дар бархӯрдҳои Афғонистонро манъ кардааст.
Имрӯз Толибон дар Осиёи Марказӣ ҳузури амаливу воқеӣ надоранд, вале нооромиҳо дар шимоли Афғонистон кишварҳои ҳамсарҳадро ба ташвиш овардааст. Дар Тоҷикистон, ки бо Афғонистон тахминан 1400 километр марзи муштарак дорад, баъзан ҷангҷӯёни дохилӣ вазъро ноором мекунанд.
Бар илова ифротгароҳои Ҳаракати исломии Узбакистон, ки бо Толибону ал-Қоида дар Афғонистону Покистон робитаи зич доранд, ҳоло дар шимоли Афғонистон фаъол гашта, тибқи гузоришҳо дар ошӯбҳои гӯшаҳои мухталифи Осиёи Марказӣ нақш доранд.
Александр Кулӣ, устоди Донишгоҳи Бернарди Ню Йорк, мегӯяд, баъзан ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфт намудани кӯмакҳои байналмилалӣ аз қартаи ифротгароҳо динӣ истифода мебаранд, вале дар мавриди Тоҷикистон нигарониҳо воқеият доранд:
Вай меафзояд: “Дар мавриди Тоҷикистон мо мебинем, ки кишварро чандин ҳодиса, ба вижа дар шарқи ин кишвар ноором карда буданд, эҳсос мешавад, ки имкони такрори ин гуна ҳамлаҳои фаромарзӣ ва ё ошӯбҳо аз байн нарафтааст.”
Борҳо афроди мусаллаҳ марзро убур намуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ва молу мулки онҳоро бо худ ба Афғонистон бурда, барои раҳоии онҳо пул талаб кардаанд.
Фармондеҳони нерӯҳои марзбони Афғонистон эътироф мекунанд, ки дар ҳимояи марз ба нерӯи бештар ниёз доранд. Ҳафтаи гузашта аснои сӯҳбат бо телевизиони Афғонистон генерал Абдулҳабиб Саидхейл гуфт, 2431 километр марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамагӣ 4 ҳазор афсару сарбоз ҳимоят мекунанд.
Сет Кропсӣ бар ин аст, ки ҳоло наметавон гуфт, баъди хуруҷи сарбозони эътилофи байналмилалӣ вазъи марзҳои Афғонистон чӣ хоҳад шуд: “Мушкилӣ дар Қирғизистон ва ҳамчунон мушкилиҳои ҷиддӣ дар Узбакистон ҷо доранд. Масъалаи назми сиёсӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ доимо вуҷуд дорад. Агар яке аз ин кишварҳо аз нуқтаи назари сиёсӣ ноором бошад, имкони муқовимати он дар муқобили таҷовуз заиф хоҳад буд.”
Вале ҷаноби Кулӣ бар ин назар аст, ки агар нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ва минтақа берун шаванд, рақобати Чину Русия барои нуфуз дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиш хоҳад ёфт ва дар ин ришта нақши муайянкунанда хоҳад бозид.
Масъалаи назми сиёсӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ доимо вуҷуд дорад. Агар яке аз ин кишварҳо аз нуқтаи назари сиёсӣ ноором бошад, имкони муқовимати он дар муқобили таҷовуз заиф хоҳад буд...