Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди дуввуми қатли бозношудаи Наталя Эстемирова


Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомоти Русия ба таҳқиқи парвандаи қатли фаъоли ҳуқуқи чечен Наталя Эстемирова дар моҳи июли соли 2009 алоқаи чандоне нишон намедиҳанд. Amnesty International, Human Rights Watch, дар маҷмӯъ 5 созмон, дар баёнияи муштараке, ки дар солгарди дуввуми қатли Эстемирова нашр шуд, мегӯянд, пулис дар роҳи таҳқиқи дахолати эҳтимолии мақомоти маҳаллӣ дар қатли ин фаъоли ҳуқуқ ноком шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ мукарраран ба таҳқиқи фарогиру холисона ва шаффофи ин парванда ва муҷозоти қотилони Наталя Эстемирова даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG