Хабарнигори "Озодӣ" дар Суғд мегӯяд, ҷаноби Усмонов бегоҳи рӯзи 14-уми июл дар назди бинои додситонии вилоят бо аҳли хонаводааш дидор карда, ҳамроҳи онҳо ба манзили зисташ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтааст.
Ҷаноби Усмонов гуфтааст, ҳоло худро хуб эҳсос мекунад ва аз дидор бо хонаводаву дӯстонаш хушҳол аст. Вай афзуд, ҳарчанд ба бегуноҳии худ ва адлу адолат дар Тоҷикистон бовар дорад, озодии имрӯза барояш то андозае ғайриинтизор буд.
Пас аз зӯҳри рӯзи 14-уми июл, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки қарори озодии Урунбой Усмоновро имзо кардааст.
Муҳаммадҷон Хайруллоев, корманди масъули Додситонии кулли Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, дастури озодии хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ, Ӯрунбой Усмонов шароити махсуси қазияро дар назар дорад ва дар ҳоле гирифта мешавад, ки ҷаноби Усмонов як моҳ ба ин сӯ, сар аз 13-уми июни соли равон дар маҳбас ба сар мебарад.
Ин корманди масъули Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, озодии Урунбой Усмонов бо дастури бевоситаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, сурат гирифтааст.
Бино бар он Усмонов аз маҳбас озод мешавад, вале таҳқиқ ва баррасии парвандааш идома меёбад. Дар ин байн хабарнигор ҳаққи тарки қаламрави Тоҷикистонро нахоҳад дошт.
Ойбек, писари Урунбой Усмонов, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, онҳо низ хабари раҳоии падарашро шунидаанд ва мунтазири бозгашти ӯ ба хона ҳастанд. Маъмурони боздоштгоҳ аз аҳли хонадони Усмонов хостаанд, барояш сарулибоси тоза биёранд.
Мақомоти амниятии вилояти Суғд ҳангоми боздошт, хабарнигорро ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир муттаҳам мекарданд. Аммо дертар ин иттиҳом лағв гашта, Урунбой Усмонов ба он айбдор мешуд, ки дар бораи мулоқоташ бо намояндаи гурӯҳи мамнӯъ ба маъмурони амниятӣ иттилоъ надодааст. Ба ақидаи вакили ҳуқуқии хабарнигор, Файзиниссо Воҳидова, Усмонов ҳақ дорад, бино бар Қонуни матбуот ва васоити ахбори умум манобеи иттилоотиро худро пинҳон дорад.
Дар як моҳи ҳабси Усмонов созмонҳои байнулмилалии журналистӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, сафоратҳои хориҷӣ дар чандин изҳорот хостори озодии ӯ шуданд. Раҳбарияти Би-би-сӣ батакрор гуфтааст, ба иттиҳомоти алайҳи Усмонов бовар надорад ва даъват кардааст, ки хабарнигор бо назардошти вазъи сиҳатияш аз маҳбас раҳо шавад.
Озодии Урунбой Усмонов дар миёни ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ва хориҷ аз он хурсандӣ ва ҳисси қаноат ба вуҷуд овард.