Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Amnesty ва САҲА ба раҳоии Урунбой Усмонов


Amnesty International ва САҲА аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то хабарнигори бахши узбакии ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмоновро раҳо кунанд. Amnesty International дар муроҷиаташ гуфтааст, ки алайҳи Усмонов дар боздошт аз шиканҷа кор бурдаанд.
Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн ибтидо бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ин иттиҳом собит нашуд ва ӯро ба он айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир гузориш медод, вале ба мақомот хабар надодааст.
Ҳамид Исмоил, раҳбари бахши Осиёи Миёнаи ББС, ки ахиран аз Усмонов дар маҳбас аёдат карда буд, аз вазъи ҷисмониву равонии ин хабарнигор дар боздоштгоҳ изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG