Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди С.Шарипов аз рафтори маъмурони амниятӣ


Сӯҳроб Шарипов
Сӯҳроб Шарипов
Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стротегӣ, вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз гуфт, боздошти хабарнигори ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмонов ба эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ метавонад латмаи ҷиддӣ бизанад. Сӯҳроб Шарипов гуфт, ин қазия аз маҳдудаи ҳуқуқӣ берун рафта, оҳанги сиёсӣ гирифтааст ва бояд аъмоли он маъмурони амниятӣ, ки бидуни андешаи чунин пайомадҳо даст ба боздошти хабарнигор задаанд, мавриди таҳқиқ қарор бигирад.
Amnesty International ва САҲА низ имрӯз дигарбора ба раҳоии Урунбой Усмонов даъват карданд. Amnesty International гуфтааст, ки алайҳи Усмонов дар боздошт аз шиканҷа кор бурдаанд.
Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн ибтидо бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ин иттиҳом собит нашуд ва ӯро ба он айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир гузориш медод, вале ба мақомот хабар надодааст.
Ҳамид Исмоил, раҳбари бахши Осиёи Миёнаи ББС, ки ахиран аз Усмонов дар маҳбас аёдат карда буд, аз вазъи ҷисмониву равонии ин хабарнигор дар боздоштгоҳ изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG