Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои нав барои раҳоии Урунбой Усмонов


Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис, бори дигар хостори раҳоии хабарнигори бахши ӯзбакии Би-Би-Си дар Тоҷикистон Урунбой Усмонов шуд.

Хабарнигор расо як моҳ пеш бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шуда буд. Дирӯз Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки тафтиши парвандаи Урунбой Усмонов хатм ва ба додгоҳи ноҳиявӣ ироа шудааст.

Дар изҳороти “Хабарнигорони бидуни марз” гуфта шудааст, “он далел, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин парванда таваҷҷуҳ кардааст, баёнгари ба гӯши мақомот расидани садои хабарнигорону ҷомеъаи байнулмилалист”.

Имрӯз ширкати радиову телевизиони Би-Би-Си ҳам бори дигар дар робита ба парвандаи Урунбой Усмонов изҳорот нашр кард.

Масъулини ширкат бо такя ба иттилоъи ахири Додситони кулли Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин раванд ба зудӣ ва бо озодии комилу баргардонидани номи неки Урунбой Усмонов хатм мешавад.

Би-Би-Си ҳамчунин аз вазъи сиҳати хабарнигор изҳори нигаронӣ кардааст. “Ҳамкороне, ки бо ӯ мулоқот кардаанд, Урунбой Усмоновро заъиф ва тарсида дарёфтаанд”- гуфта шудааст дар изҳороти ширкати радиову телевизиони Бритониё.
XS
SM
MD
LG