Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеаи киштии Булгариа дар рӯдхонаи Волга


Мақомотии Русия мегӯянд, баъд аз он, ки як киштии мусофирбар дар рӯдхонаи Волга ғарқ шуд, бештар аз 100 нафар мусофирон бедарак шудаанд. Афроди дигари савори ин киштиро ҳисоб мекунанд. Ин киштӣ дар наздикии деҳаи Сукеевои Тотористон ба сонеҳа дучор шудааст. Гуфта мешавад, вақте, ки ин киштӣ аз шаҳраки Булғори Булғористон ба сӯи шаҳри Қазон ба роҳ баромадааст, 180 нафар мусофир доштааст. Сабабҳои ба фоҷеа дучор шудани киштӣ рӯшан нашудааст. Телевизиони давлатӣ гузориш додааст, ин киштӣ бо номи Булгариа соли 1955 дар Чехословакияи он вақт сохта шудааст.
XS
SM
MD
LG