Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 узви як хонавода дар ҷануби Афғонистон


Рӯзи шанбе бар асари таркидани бомби канори роҳ дар ҷануби Афғонистон 13 узви як хонавода кушта шудаанд. Ноиби волии Зобул Муҳаммадҷон Расулёр гуфтааст, ки ин афрод дар роҳ ба сӯи вилояти Ғазнӣ дар як минтақаи ҳаммарз бо Покистон кушта шудаанд. Ӯ афзуд, бовар меравад, кушташудагон паноҳандагоне бошанд, ки аз Покистон ба ватан бармегаштанд.
XS
SM
MD
LG