Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 кушта дар ҳамла ба меҳмонсарои Интерконтинентали Кобул


Меҳмонсарои Интерконтинентали Кобул
Меҳмонсарои Интерконтинентали Кобул
Дар як ҳамлаи шӯришиёни Толиб ба меҳмонсарои Интерконтинентали Кобул дастикам 10 шаҳрванд ба қатл расидаанд. Аз 6 то 8 бамгузори интиҳорӣ ва мардони мусаллаҳ шабона ба меҳмонсаро ҳамла бурданд ва даргирӣ бештар аз чаҳор соат идома кардааст. Интерконтинентал дар Кобул меҳмонсарои машҳур аст ва дар он аслан ғарбиён ва дипломатҳо ба сар мебаранд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар душ гирифтаанд. 10 нафари дигар ҳам дар ин ҳамла захмӣ шудаанд. Муҳаммад Аюб Солангӣ-раиси полиси Кобул мегӯяд, ҳамаи кушташудагон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд:

“Соатои 2 шаб ҳамлаи инҳо комилан маҳор шуд. Қитъаоти низомии мо талафот надоранд. 3 тан аз полиси миллӣ сатҳӣ маҷрӯҳ шудаанд ва 10 тан ҳамватанони мулкии мо дар ин ҳамлаи шӯришиён ҷони худро аз даст доданд”.

Дар ин мемонсаро дар ҳамин шабонарӯз намояндагони мақомоти вилоятии Афғонистон низ ба сар мебаранд. Онҳо барои ширкат дар конфронсе ба Кобул омадаанд. Дар ин конфронс масъалаи интиқоли масъулияти амниятӣ аз нируҳои байналмиллалӣ ба нируҳои маҳаллӣ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG