Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Юнон баҳси коҳиши масрафоти буҷаро оғоз мекунад


Нахуствазири Юнон Георгиос Папандреу
Нахуствазири Юнон Георгиос Папандреу
Имрӯз дар парлумони Юнон баҳсҳо дар робита ба тарҳи нави ҳукумат оид ба коҳиши ҷиддии масрафоти буҷа баргузор мешаванд.

Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти ахири худ эълом доштанд, ки пазируфтани ин тарҳ ва барномаи хусусигардонӣ - шартҳои асосии ҷудо кардани 12 миллиард евро барои Юнон мебошанд.

Ин маблағ ба Афина дар чаҳорчӯби қарзи зиддибӯҳронии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул тахсис дода шуд. Дар сурати дарёфт накардани ин маблағ Юнон шояд варшикаста шавад.

Раъйдиҳӣ оид ба тарҳи нави коҳиши масрафоти буҷа бояд дар парлумон рӯзи чаҳоршанбе баргузор шавад.

Ҳизби нахуствазир Георгиос Папандреу бештари курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад ва аммо ҳадс зада мешавад, ки шояд баъзе аз вакилони ҳизби нахуствазир аз пуштибонии ҳукумат сарпечӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG