Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи духтари ҳаштсола дар ҳамлае дар Урузгон


Толибон дар вилояти ҷанубии Урузгон як духтари ҳаштсоларо барои ҳамлаи террористӣ истифода карданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳо як баста бо бомбро ба дасташ дода хоҳиш карданд, ки онро дар мошини полис гузорад. Вақте, ки ӯ ба мошин наздик мешуд, бомб инфиҷор шуд. Дар ин ҳодиса фақат духтарак ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи шанбе дар вилояти шарқии Лугар мошини ҳомили маводи тарканда ба бинои бемористон бархӯрд. Дар ин ҳодиса дасти кам 38 нафар кушта ва беш аз 50 нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG