Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар таркиши мошини бомбагузоришуда дар шифохонаи Лугар ба камияш 35 нафар кушта ва наздик ба 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, аксари кушташудагон занону кӯдакон ва солмандон будаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтаанд ва мегӯянд, онҳо ҳаргиз бемористонҳоро ҳадаф қарор намедиҳанд.