Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон боз дар радифи кишварҳои нокомтарин


Бунёди Сулҳ” ва маҷаллаи “Сиёсати хориҷии Амрико” бо нашри шохиси солонаи нокомтарин кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистонро дар радифи яке аз ин чунин кишварҳо қарор додаанд. Шохиси мазкур бо назардошти омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва шеваи мудирияти ҳукуматҳо таҳия мешавад ва Тоҷикистонро дар шохиси имсола дар мақоми 39 қарор гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар мақоми 38 қарор дошт, ки бадтар аз мақоми 39 аст. Ҷей Ҷей Ҷей Месснер, сухангӯи “Бунёди Сулҳ” ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ нишондиҳандаҳои Тоҷикистон имсол як каме беҳтар будааст, вале кишвар шоҳиди тағйироти ҷиддие нашуд: “Дар миёни солҳои 2010 то соли 2011 мо дар Тоҷикистон шоҳиди тағйироти зиёде нашудем. “ Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ӯзбакистону Қирғизистон дар радифи 40 кишвари нокомтарини ҷаҳон қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG