Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Яман талаби аз кишвар хориҷ шудани писарони президент Солеҳро доранд


Имрӯз даҳҳо ҳазор эътирозгар ба хиёбонҳои пойтахти Яман рехта, аз хоки кишвар берун шудани писарони президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро талаб карданд. Худи Солеҳ ҳоло ҳам дар Арабистони Саъудӣ бо муолиҷаи захмҳои дар оғози ин моҳ бардоштааш машғул аст.

Баъди 33 соли раҳбарии Солеҳ, ҷомеаи Яман инак чанд моҳ мешавад талаби истеъҳои ӯро пеш гузоштааст. Писарҳои ӯ Аҳмад ва Холид Солеҳ ҳамоно дар Санъо ба сар мебаранд.

Аҳмад Солеҳ фармондеҳи нирӯҳои баргузидаи президентӣ буда дар ҳимояи ҷони Абдуллоҳ Солеҳ дар ҷараёни эътирозҳои нирӯҳои демократӣ нақши муҳим бозидааст. Холид Солеҳ ҳам яке аз фармондеҳони артиш мебошад.
XS
SM
MD
LG