Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Эрон вуруди гузоришгари вижаи СММ-ро мамнӯъ кард


Аҳмад Шаҳид
Аҳмад Шаҳид
Порламони Эрон иҷоза нахоҳад дод, ки гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар барои омӯзиши вазъ вориди Теҳрон шавад. ИРНО-хабаргузории расмии Эрон гуфт, Кумитаи ҳуқуқи башари Маҷлиси Эрон имрӯз тасмим гирифт, ки ба Аҳмад Шоҳид-вазири пешини корҳои хориҷии Молдив, ки гузоришгари вижаи СММ барои Эрон таин шудааст, иҷозаи боздид аз Теҳрон надиҳад. Муҳаммад Карим Обидӣ-муовини раиси ин кумита ба хабаргузории ИРНО гуфтааст, қабл аз расидагӣ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон СММ аввал бояд вазъи ҳуқуқи башар дар Исроил ва Амрикоро баррасӣ кунад. Бино ба гуфтаи Теҳрон, СММ ва созмонҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқ муқаррароти исломро бояд дуруст дарк кунанд, зеро дар ҳар кишвар эътиқоду фарҳанги мардум фарқ дорад. СММ борҳо аз вазъи ногувори ҳуқуқи башар дар Эрон изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG