Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми абади қотилони Хуршеда Султонова


Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия Боровиков ва Воеводин, ду раҳбари як гурӯҳи қавмгарои русро, ки аз ҷумла ба қатли кӯдаки нӯҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова дар соли 2004 муҷрим шинохта шудаанд, ба ҳабси абад маҳкум кард. 11 узви дигари ин гурӯҳ низ то 18 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ин гурӯҳи қавмгаро иборат аз ҷавононе буд, ки аз 16 то 22 сол дошта, қурбониҳои худро бо мушту лагат ва зарби кор мекуштанд. Онҳо ба ҷуз аз қатли Хуршеда Султонова, дар куштори як шаҳрванди Кореяи шимолӣ, як шаҳрванди Чин ва ду шарики худ, ки гумон доштанд, бо пулис ҳамкорӣ мекунанд, муҷрим шинохта шуданд. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқи башар, феълан дар Русия ҳудуди 70 000 нафар дар гурӯҳҳои қавмгаро узвият доштаанд.
XS
SM
MD
LG