Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полковники собиқи рус Буданов кушта шуд


Ҷасади Буданов дар як хиёбоне. 10 июни соли 2011
Ҷасади Буданов дар як хиёбоне. 10 июни соли 2011
Полковники собиқи артиши Русия, ки барои куштори духтари 18-солаи чечен дар соли 2000-ум айбдор шуда буд, дар Маскав ба қатл расид. Муфаттишон гуфтанд, ки нафарони номаълум дар хиёбони серодами Маскав ба сари Буданов тир холӣ карда савори мошин аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Полковники собиқи артиши Русия Юрий Буданов соли 2003 барои куштори Элза Кунгаева айбдор дониста шуд. Буданов ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале соли 2009 мувофиқи қонуни авф ба озодӣ баромад. Дар мусоҳиба бо бахши Қафқози Шимолии радиои Озодӣ аз Осло падари духтарак - Виса Кунгаев гуфт, ки ӯ дар ин ҳодиса даст надорад:

“Агар ман ин корро мекардам, ҳатман мегуфтам, ки “бале, ин корро ман кардам. Шумо метавонед маро ба 10 соли зиндон маҳкум кунед”. Касе барои ин куштор қасд мегирад”.


Буданов танҳо афсари баландрутбаи рус ҳисоб мешвад, ки барои содир шудани чунин як ҷинояти ваҳшиёна ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, дар ҳоле, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ингуна мавридҳо дар Чеченистони ҷангдида фаровон ба қайд мерасанд. Афв шудани Буданов пеш аз мӯҳлати хатми ҷазо эътирози фаъолонро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG