Қиссае ки ман мехоҳам нақл кунам, акси ин қиссаи шумо аст. Шумо дар бораи одамияту шикастанфсии духтурон қисса кардед, ман бошам баръакси онро гуфтаниям.
Модари ман бемори сахт шуд ва ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи марказии пойтахти кишвари азизамон бурдем. Модарамро дар реаниматсия хобонданд. Албатта ташаккур ба духтурони кордон, ки модарамро баъди 3 рӯз ба худ оварданд ва аҳволаш муътадил шуд. Мо аз шодӣ намедонистем чӣ кор кунем. Дар утоқи реанитамсионӣ ё эҳёгарӣ, ки на ҳамаи хабаргирандагонро иҷозати даромадан медоданд, мо хоҳиш кардем, ки модарамро ба утоқи оддӣ гузаронанд. Вале аз чӣ бошад, ки духтурҳо аҳволи модарамро ҳануз ғайримӯътадил гуфта ӯро дар утоқи эҳёгарӣ қариб 10 рӯз баъди беҳбудёбӣ нигоҳ доштанд. Ва дар ин муддат ҳаррӯз аз 10 то 20 сомонӣ аз мо меситонданд. Ин ҳама бар замми пули доруву хидматонаи духтурон ва ғайраву ҳоказо, ки қариб 500 долларро ташкил кард. Барои мо, ки саломатии модарамон муҳимтар аз ҳама чизи дунё буд, агар худамон намедоштем, қарз карда пули утоқ, ҷои хоб ва боз пули ину онро медодем.
Ҳар бор, ки ба он ҳуҷра беморони ниҳоят вазнинро баъди ҷарроҳӣ ё дар ҳолати беҳуширо меоварданд, модари мо онҳоро дида метарсид ва аз ҳарзагӯиҳояшон пас аз нардкос, шабҳо хобаш намебурд. Баъзе духтурони шинос низ ҳайрон буданд, ки чаро модари моро, ки вазъаш ба маротиб беҳтар шудааст, ба утоқи оддӣ намегузаронида бошанд?
Мо дертар ва он ҳам аз худи духтурон фаҳмидем, ки дар утоқи реаниматсионӣ хобидан, қиматтар аз утоқи оддӣ будааст. Агар ҳар рӯз дар утоқи оддӣ аз 3 то 5 сомонӣ бигиранд, пас дар эҳёгарӣ ҳаррӯз аз 10 то 20 сомонӣ бояд пардохт намуд. Барои ҳамин ҳам бо чандин баҳона кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ дертар беморонро ба утоқи оддӣ гузаронанд. Бемороне, ки аҳволашон каме беҳтар шудааст, акнун тасаввур кунед, ки дар як ҳуҷра бо беморони вазнин, чӣ ҳолеро аз сар мегузаронанд.
Модари мо, ки саломатиаш беҳтар шуда буд, аз доду войи беморони вазнин тамоман аз хоб монда буд, ки бехобӣ барои бемор аз ҳама чизи сахт аст.
Вақте дар бораи духутуроне мисли қаҳрамони як қиссаи торнамои Озодӣ, ки шифо ёфтани як бемор барояш баробари умри дубора ёфтани худи ӯ будааст хондам, аҳсант гуфтам ба он мард ва рӯҳаш шод бодо, ки нонашро ҳалол карда мехуӯрдааст. Афсус, ки чунин духтурон ангуштшуморанд ва қонуни нонавиштаи зиндагиро бинед, ки чунин инсонҳо умри кӯтоҳ мебинанд.
Ман албатта мефаҳмам, ки маоши духтурон хеле кам аст ва ин боиси руйи ниёз доштани онҳо ба беморону бемордорон гаштааст, вале инсоф ҳам чизи хуб аст охир. Ман бо ин дуо ба қиссаи худ ҳусни анҷом башиданиам: Илоҳо якояки мову шуморо аз чунин табибон нигаҳдор бошаду ҳатто душмани моро корафтодаи чунин табибон нагардонад. Омин!!!
Гулсифати Камолзода, сокини ноҳияи Файзобод.
Масъули бахш: Сафаргули Олимӣ