Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни EIB ва Тоҷикистон як созишнома имзо мешавад


Интизор меравад, ба зудӣ созишномаи иттихози қарзи 21 миллионевроӣ ба Тоҷикистон аз тарафи Бонки Сармоягузории Аврупо имзо шавад. Як манбаъ дар бонки мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, созишнома зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба қароргоҳи бонк ба имзо мерасад. Аз ин 21 миллион евро, 7 миллиони он кӯмаки бебозгашт ба Тоҷикистон аст ва тамоми ин маблағ барои тармими шабакаҳои миёнаву камшиддати интиқоли нерӯи барқ ва тармими зеристгоҳҳои барқӣ дар вилояти Суғд харҷ хоҳад шуд. Маросими имзои созишнома ба рӯзи ҷумъа, 10 июн пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG