Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони боз як узви "Ҷамоати Таблиғ"


Додгоҳи 2 сол пеши як гурӯҳи пайравони "Ҷамоати Таблиғ" дар Душанбе
Додгоҳи 2 сол пеши як гурӯҳи пайравони "Ҷамоати Таблиғ" дар Душанбе
Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа як сокини маҳаллиро бо ҷурми узвият дар гурӯҳи мамнӯъи мазҳабии «Ҷамоати Таблиғ» ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҷаннатуллоҳ Абдураҳмонов ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта бо иттиҳоми таблиғоти динӣ дар як масҷиди Қӯрғонтеппа боздошт шуда буд, вале баъдан то анҷоми муҳокимаи парвандааш озод шуд. Додгоҳ ӯро бо ҷурми даъват ба тағйири базӯрии низоми давлатӣ маҳкум ба зиндон кард.
Дар моҳи декабри соли 2009 додгоҳи вилояти Хатлон 36 нафарро бо ҷурми узвият дар «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум карда буд. 56 тани дигар ҳамон сол дар Душанбе маҳкум шуданд. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG