Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо эътирозгари Ҳонконг боздошт шуданд


Полиси Ҳонконг 53 ширкатдори маъракаи поси хотири қурбониҳои эътирозҳои хунини майдони Тянанмени Пекинро боздошт кард. Ин нафарон аз миёни онҳое дастгир шуданд, ки баъди ширкат дар маъракаи шамъафрӯзӣ бо иштироки 150 ҳазор нафар ба ҷониби дафтари калони полис ҳаракат карданд. Полис мегӯяд, ки раҳпаймоии ин гурӯҳ “ғайриқонунӣ” буд ва онҳо баъди хароб кардани ҷараёни ҳаракати мошинҳо дар роҳ боздошт шуданд. Намояндагони гурӯҳи боздоштшуда мегӯяд, ки бо ҳадафи талаби раҳоии рассоми маъруфи дигарандеш аз зиндон ба сӯи дафтари полис равона шуданд. Дар эътирозҳои 4 июни соли 1989 дар майдони марказии Тянанмини Пекин ҳазорҳо донишҷӯён аз тири артиш кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG