Пайвандҳои дастрасӣ

Азми Амрикову Покистон барои амалиётҳои муштарак


Паноҳгоҳи Бин Лодин дар Аббатобод
Вазорати хориҷаи Покистон таъйид кард, ки воҳидҳои Покистону Амрико алайҳи ифротгароёни исломӣ амалиётҳои муштарак доир карда, табдили иттилоот хоҳанд кард.
Сухангӯи ин вазорат Таҳмина Ҷанҷво аммо гуфт, ин муомила на ҳатман ба маънои ба хоки Покистон роҳ додани нирӯҳои Амрикост. Ассошиэйтед Пресс ҳанӯз дар аввали ҳафта дар бораи нақшаи ташкили гурӯҳи муштараки истихборотӣ байни Покистону Амрико хабар дода буд.
Қарор аст, ин гурӯҳ рӯи маводе, ки аз паноҳгоҳи раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодин дар Аббатободи Покистон кашф шуд, кор кунад. Бин Лодин рӯзи 2 май тавассути нирӯҳои вижаи Амрико дар Аббатобод кушта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG