Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар деги омезиши бетон


Дар корхонаи тавлиди масолеҳи бинокории шаҳри Сургути Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ба дастгоҳи чархзанандаи омезиши бетон афтода, ба ҳалокат расид. Шоҳидони воқеа мегӯянд, мардикор ба деги бетон хам шуд, то телефони дастияшро, ки тасодуфан он ҷо афтод берун орад, вале худ ба дег фурӯ ғалтид. Бо вуҷуди он ки дастгоҳ фавран бозошта шуд, мардикор то омадани мошини “Ёрии фаврӣ” ҷон дод. Фоҷиа сабаб гашт, ки кормандони Хадамоти федероли муҳоҷират ҳамаи муҳоҷиронро аз ин корхона барои тафтиши аснод дар автобусҳо берун баранд.
XS
SM
MD
LG