Як бамгузори интиҳорӣ мошини бамгузоришудаи худро дар назди дарвозаи пойгоҳи низомии Италия дар шаҳри Ҳироти Афғонистон мунфаҷир сохт, дар ҳоле, ки бамгузори дуввуми интиҳорӣ худро дар маркази ин шаҳр дар маҳали пуродам мунфаҷир кард. Дар инфиҷори дуввум 3 ғайринизомӣ ва як корманди полис кушта шудаанд. Бештар аз 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Игназио Ла Русса-вазири дифои Италия гуфт, дар инфиҷори назди пойгоҳи низомии онҳо 5 сарбози онҳо ҷароҳат бардоштаанд ва ҷароҳати яке аз онҳо сангин аст. Ҳирот яке аз 7 минтақаест, ки то соли 2014 мехоҳанд таъмини амниятро дар ихтиёри худи нируҳои Афғонистон гузоранд.