Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон шавҳари Бурҷанадзеро муттаҳам кардааст


Бадрӣ Битсадзе, ки замоне фармондеҳи нируҳои марзӣ буд
Бадрӣ Битсадзе, ки замоне фармондеҳи нируҳои марзӣ буд
Имрӯз Гурҷистон шавҳари Нино Бурҷанадзе-раҳбари мухолифони ин кишварро “барои ташкили гурӯҳҳои порламонӣ ва созмон додани ҳамлаҳо ба кормандони полис” дар ҳафтаи гузашта муттаҳам эълон кард. Додситонӣ гуфтааст, ки намехоҳад қабл аз оғози мурофиа даст ба боздошти Бадри Битсадзе бизанад. Гуфта мешавад, ки ин иттиҳомот бар нишондоди аъзои гурӯҳи мухолифони Нино Бурҷанадзе ва маводи видеоиву аудиоӣ асос ёфтааст. Дар ҷараёни парканда сохтани тазоҳуроти эътирозии зидди Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳур дар Тифлис ҳангоми гурез аз маҳали тазоҳурот як мототсикли муттааллиқ ба мухолифон як корманди полис ва як афсари собиқи полисро зер карда куштааст.
XS
SM
MD
LG